САҲМИ ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, корҳои зиёди созандагию ободонӣ - аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкуниро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Ин кор дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ амалӣ гардида, роҳҳои дохили кӯчаҳои маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинин аз ҳисоби шахсони саховатманд ва ватандӯст сангфарш ва мумфарш гардида истодаанд. Саҳми раиси ташкилоти ибтидоии “Каленин”-и ноҳия Юнусзода Маҳмадрасул дар муттаҳид намудани сокинони махаллаҳои ҳудуди ҷамоат бениҳоят бузург буда, корҳои ободонӣ дар дохили Ҷамоат ва маҳаллаҳо бо маром идома дорад.