САФИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ РОҲБАРОНИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ НОҲИЯ АФЗОИШ МЕЁБАД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Афзоиши сафи аъзои ҲХДТбаҳри боз ҳам баланд шудани нуфузи ҳизбамон миёни ҷомеа ва ба тақвияти ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Воқеан ҳам ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан боиси ифтихор ва сарафрозӣ мебошад.
Чунки узвият ба ҳизби сиёсӣ нишони садоқат ба Ватан ва давлат буда, ба шаҳрванд мақоми сиёсӣ дода, ба ӯ ҷиҳати иштирок ва саҳмгузории бевосита дар идоракунии муносибатҳои сиёсӣ (давлатӣ) имконият фароҳам меорад.
Зимни баргузории вохӯриҳо бо фаъолону хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳоти “Дӯстӣ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба як қатор роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қосимӣ Назокат шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.