БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «МАКТАБИ МАН»

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳми назаррас гузоштан дар ободонӣ ва пешрафти муассисаи таълимӣ бо иштироки хатмкардаҳои ин даргоҳи муқаддас санаи 30.12.2023 дар МТМУ№26-и ҷамаоати деҳоти Яккатут,  деҳаи Мушкруд вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ободонӣ ва саҳм гузоштан ва беҳтар намудани шароити таҳсил дар ин муассиса баррасӣ гардид. Ҳозирин пешниҳод намуданд, ки ҳама дар яқҷоягӣ ба хотири ояндаи дурахшони фарзандонашон саҳми худро дар якҷоягӣ гузоранд ва аз ҳисоби худи хатмкардагони ин даргоҳ корҳои ободонӣ ба роҳ монда шавад.