РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Дар асоси супориши раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон ва бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “Муҳити Зист” дар назди Бахши ҳифзи муҳити зист роҳбараш Абдуалимов Абдулқудус ба як нафар оилаи ниёзманд барои фасли зимистон маводи сӯхт аз ҷумла ҳезум ва кӯмаки яквақтаина аз қабили маводи хӯрока расонида шуд.