БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ТОЗАГИИ МАҲАЛ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба барқияи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Шаҳрак”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ибтикори Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.

Маъракаи ниҳолшинонӣ бо дастуру тавсияҳои раиси ноҳия муҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон оғоз гардида, раиси ноҳия ба иштирокчиён тарзи шинонидани кадом намуди дарахтонро ва гулҳои ороишиву ҳамешасабзро тавсия доданд.
Дар ин рӯз аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии “Шаҳрак” роҳравҳо ва ҷуйборҳоро аз алафҳои бегона ва хазонҳо тоза намуданд.