ДАСИТГИРӢ НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Дар доираи аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” ва ҳамчунин пайравӣ намудан аз дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “Бохтариён” дар назди ҶДММ бозори Зайнулло ва соҳибкор Сафаров Суҳроб ба 21 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмаки яквақтаинаи идона аз қабили маводи хӯрока ва туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.