ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Аксияи "Якҷоя месозем!" ягона Аксияе мебошад, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия миёни мардуми ноҳия, алалхусус маҳаллаву деҳаҳои он ҳамовозии зиёде касб намудааст. Дар доираи ҳамин Аксия дар деҳаву маҳаллаҳо корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад.
Дар ташкилоти ибтидои "Б.Сулаймонов" бо саҳми соҳибкорони ватандӯст, роҳбарони хоҷагихои деҳқонӣ ва сокинони маҳалаи Б.Сулаймонов ва бо дастгири ташкилоти ибтидои "Барқчиён"-и ноҳия ивазкуни тамоми симчубҳо бо симчубҳои нави замонавӣ бо маром идома дорад.
Ин аксияи зерин дар тамоми ташкилотҳои ибтидои ноҳия дастгири ёфта, ба ин васила аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ мехоҳанд ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ  ва 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор таҷлил гиранд.