РОҲСОЗӢ ТАҲТИ АКСИЯИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби аъзоёни фаъоли худ дар бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард саҳми босазо гузошта истодаанд.
Бо дастгирӣ аз ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем" масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Б.Сулаймонов”-и ноҳия якҷо бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъмиру барқарорсозии як қатор роҳҳои дохили деҳаро бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда истодаанд.
Саҳми раиси ташкилоти ибтидоии “Б.Сулаймонов” Амиров Мансур, аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур ва соҳибкорон дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ назарас аст.