ҲХДТ-КОРҲОИ ОБОДОНӢ МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ!

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба ҳашари умуминоҳиявӣ шанбегӣ баромада, гирду атрофи бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбиро рӯбучин карда аз ҳаргуна ифлосиҳо тоза намуданд.
Инчунин дарахтон ва гулҳои садбаргро, ки дар назди бинои ҳизб нашъунамо ёфта истодаанд, ба тартиб дароварда, бехи онҳоро нарм карданд.
Бояд зикр намуд, ки корҳои корҳои ободонӣ дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаю идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои ноҳиявӣ бо иштироки аъзоёни ҲХДТ баргузор карда шуд.