Ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо таваҷҷуҳи аъзоёни фаъоли худ, дар бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард саҳми босазо гузошта истодаанд.
Бо дастгирӣ аз ташаббуси ҳизбии "Якҷоя месозем" масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Б.Сулаймонов”-и ноҳия якҷо бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри таъмиру барқарорсозии як қатор роҳҳои дохили деҳаро бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир намуда истодаанд.
Саҳми раиси ташкилоти ибтидоии “Б.Сулаймонов” Амиров Мансур, аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур ва соҳибкорон дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ назаррас аст.