КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО МАҚСАДИ ЗИЁД НАМУДАНИ САФИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Афзоиши сафи аъзои ҲХДТ ба тақдири боз ҳам баланд шудани нуфузи ҳизбамон миёни ҷомеа ва ба тақвияти ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Воқеан ҳам ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан боиси ифтихор ва сарафрозӣ мебошад.
Чунки узвият ба ҳизби сиёсӣ нишони садоқат ба Ватан ва давлат буда, ба шаҳрванд мақоми сиёсӣ дода, ба ӯ ҷиҳати иштирок ва саҳмгузории бевосита дар идоракунии муносибатҳои сиёсӣ (давлатӣ) имконият фароҳам меорад.
Бо ҳамин мақсад дар деҳаҳои дурдасти ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ”-и ҷамоати деҳоти “Дӯстӣ” ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат гузаронида шуд.