ОМОДАГИҲО БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани соли нави мелодӣ ҳамасола дар кишвар чорабиниҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад.

Бо ҳамин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ як зумра чорабиниҳоро ба нақша гирифта, мақсад дорад, ки бо баргузории чорабинии фарҳангӣ, фароғатӣ шодию нишоти кӯдакони ятим ҳавасмандии кормандону аъзоёни фаъоли ҳизб соли нави мелодиро истиқбол намояд.
Дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия арчаи солинавӣ ҳамчун рамзи соли нави мелодӣ аз ҷониби кормандони Кумита омода гардида, инчунин ба як қаттор кӯдакони ятим туҳфаҳои солинавӣ омода карда шуд.