ҒАМХОРӢ БА МАЪЮБОН ЯКЕ АЗ ТАШАББУСҲОИ БЕҲТАРИНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар пайравии амалҳои неки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба ятимону камбизоатон дар асоси аксияи ҳизбии “Мактаби ман” аз ҷониби як нафар соҳибкор ба се нафар ятими муассисаи таълимии №19 сару либоси мактабии зимистона тақдим карда шуд. Роҳбари муассисаи мазкур Самадзода Маҳмасаиди Исломидин дар ҳамкорӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳи Ленин” Саидзода Ҷамшед бо мақсади ғамхорӣ намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, ки ба сару либоси гарм ниёз доштанд, бо ҷалби соҳибкор Маҳмадиев Маҳмадшариф ин амали хайрро иҷро намуданд. Аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи аксияҳои ҳизбӣ дар амалҳои хайр ва ободонии муассисаи мазкур мунтазам саҳми худро мерасонанд.