АМАЛҲОИ ХАЙР АЗ ҶОНИБИ ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ “ҲАФТАИ ҲХДТ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

«Таъмини Ваҳдати миллӣ, амният, сулҳу суботи ҷомеаи Ватани маҳбубамон масъулияти дучандро талаб менамояд».    Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бо дарки баланди масъулияти ватандорию ватансозӣ шукрпазирӣ аз сулҳу Истиқлолият як гурӯҳ фарзандони бо нангу номуси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар паҳлуи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муттаҳид гашта, дар пайравии амалҳои неки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалҳои хайру савоб ва кӯмак ба ниёзмандон саҳми худро мерасонанд.
Имрӯз, 08 декабри 2023 соҳибкор Бахтиёр Каримов ва фарзандони бонангу номуси ноҳия, ки дар муҳоҷират қарор доранд, дар қисми ҳарбии 87740 дар ноҳиябуда, дастархони идона оростанд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳия, аз ҷумла соҳибкорон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши фарҳанг ва шуъбаи маорифи ноҳия чорабинии хуби идонаро манзури сарбозон ва афсарони қисми ҳарбӣ намуданд.