БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар муассисаи таълимии №4 бо ташаббуси аъозён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ чор синфхонаи иловагӣ барои хонандагон бунёд гардида истодааст. Синфхонаҳои иловагӣ бо тарҳи муосир сохта шуда, барои таҳсили хонандагон шароити хуби хониш фароҳам оварда мешавад.
Кормандони ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” барои ҳарчӣ зудтар ба истифода додани синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил намуда, дар сохтмони бинои таълимӣ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.