БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 29

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
       Дар доираи Амалиёти муштарак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷомӣ «Соати сиёсӣ» доир гардид. “Соати сиёсӣ”-ро бо хонандагони синфҳои болоӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Баротова Зинат ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ гузаронида, оид ба вазъи сиёсии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон,  волоияти қонун, ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва истифодаи телефони мобилӣ суханронӣ намуданд.