АКСИЯИ ТОЗАГИИ МАҲАЛ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАДАНИЯТ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
       Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоӣ "Маданият" санаи 25-и ноябри соли равон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Иттифоқ  аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар ин аксия сокинони маҳал ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштироки фаъолона намуда, гирду атрофи деҳаро аз партовхо ва баргҳои рехтаи дарахтон тоза намуданд.