БАРГУЗОРИИ СОАТҲОИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
       Дар доираи Амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соати сиёсӣ доир карда шуд.
      Зимни ҷараёни “Соати сиёсӣ” ба сифати маърӯзачӣ омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ байни хонандагони синфҳои болоӣ соати сиёсиро дар мавзӯъҳои вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ, таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби сарбози ихтиёрӣ” баргузор намуданд.