БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №13

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  


       Дар доираи Амалиёти муштарак 25 ноябри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ байни синфҳои болоӣ "Соати сиёсӣ" гузаронида шуд. Баромадкунандагон вобаста ба вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ, таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ, қонунвайронкунӣ, ва ғайраҳо суханронӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.