ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №6 "СОАТИ СИЁСӢ" БАРГУЗОР ГАРДИД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

          Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 23 ноябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ «Соати сиёсӣ» доир гардид. Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” ба сифати маърӯзачӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Баротова Зинат ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, миёни хонандагони синфҳои болоӣ “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон, масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, шомилшави ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, ва истифодаи телефони мобили гузаронида шуд.

         Бояд қайд кард, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимии ҳудуди ноҳия байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.