САРФАКОРОНА ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

А.Ҷомӣ: Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва истифодабарии самараноки қувваи барқ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ санаи 20 ноябри соли ҷорӣ ташкилоти ибтидоии “Айнӣ” бо усули «Хона ба Хона» вохӯрӣ гузарониданд. Зимни вохӯрӣ масъулин бо сардорони оилаҳо оид ба пешгирии бемории сироятӣ ва самаранок истифодабории қувваи барқ қайд намуданд, ки танҳо истифодаи сарфакоронаву оқилонаи қувваи барқ аз ҷониби ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо кафолатест, ки зимистонро бе ягон маҳдудият пушти сар намоем.