КОНФРЕНСИЯ ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
А.Ҷомӣ: Санаи 16.11.2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи Таҳсилоти Миёнаи Умумии №62-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Конференсия дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” баргузор гардид. Дар Конфренсия Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ Қосимӣ Назокат ва муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муминзода Мастура Табарӣ ва фаъолзанони ноҳия иштирок намуданд. Иштирокчиёни ҳамоиши мазкур оид ба саҳми назаррасӣ Пешвои миллат дар самти баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа ва дигар дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ бо изҳори қаноатмандӣ суханронӣ намуданд.