САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
А. Ҷомӣ:Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат базамин ,об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем , ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем ва аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем. Кормандони масъули Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз заминҳо дидан намудан маълум шуд,ки хоҷагидорон барои гирифтани ду ва се ҳосил ҷаҳду талош доранд.