Аёдати модарон аз қисми низомӣ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

А.Ҷомӣ:Бахшида ба рӯзи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  як гӯруҳ модарон ва занону бонувон фаъолони ҳизбӣ ба қисми низомии  87740-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварданд.Ин аксияи  дар асоси  Нақша- чорабиниҳои  Кумитаи Иҷроияи  Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ва мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон гузаронида шуд.Дар ин аксия муовини раиси ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ ва раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон Қосимӣ Назокат иштирок намуда, сарбозону афсарон қисми низомӣро аз номи Роҳбарияти Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон ва роҳбарияти  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ табрику таҳният намуда, дар баробари дастархони идона барномаи хуби фарҳангӣ  пешниҳоди сарбозон гардонида шуд.