МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ "ПРЕЗИДЕНТИ МАН- ИФТИХОРИ МАН!"

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
А.Ҷомӣ : Санаи 14.11.2023 тибқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯъи " Президенти ман - ифтихори ман!" ва “Пешвои миллат –ифтихори миллат” бо аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватвн" баргузор гардид. Дар он 16- уми ноябр ҳамчун " Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҳамасола таҷлил намудани он боиси ифтихори мо гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ва он ҳамаи дастоварду пешравиҳои Ватани азизи мо бо роҳбарии Пешвои Муаззами Миллат,раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин солҳо ба даст омадааст маҳз ба шарофати ин сиёсатмадори оқилу доно мебошад ва инро ҳама мардуми меҳнатқарини Ҷумҳурии мо медонанд ва мояи ифтихори худ медонанд. Мақсад аз ташкил намудани мизи мудаввар ин арҷ гузоштан ба заҳматҳои беназири Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мебошад..