МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ НУҲ МОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ҲИЗБӢ “МАДАДИ СИНО”.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

А.Ҷомӣ: Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбӣ “Мадади Сино”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси ҷамъбасти нуҳ моҳаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Шокимзода И. иштирок доштанд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ "Мадади Сино" Хоҷаёров Чориқул кушода, нахуст оид ба фаъолияти ташкилот дар нуҳ моҳи соли равон ҳисоботи худро пешниҳод намуд. Дар ҷараёни маҷлис иброз гардид, ки дар давраи сипаригардида ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо ҷалби ҷавонон ва фаъолон сафи аъзоёни ҳизбро зиёд намуда, дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намудаанд. Ҳамчунин, дар маҷлис масъулини ҳизбӣ суханронӣ намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва инчунин иброз намуданд, ки аъзои ҲХДТ будан барои ҳар яки мо ифтихор ва сарфарозист. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ баҳри ободӣ ва тараққиёти кишвари азизамон сидқан талош намоем.