МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ НУҲ МОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ҲИЗБИИ “ОБ-РУШНОӢ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 А.Ҷомӣ: Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Об-рушноӣ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси ҷамъбасти нуҳ моҳаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Баротова Зинат иштирок доштанд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ "Об-рушноӣ " Абдухолиқов Файзулло кушода, нахуст оид ба фаъолияти ташкилот дар нуҳ моҳи соли равон ҳисоботи худро пешниҳод намуд. Дар ҷараёни маҷлис иброз гардид, ки дар давраи сипаригардида ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо ҷалби ҷавонон ва фаъолон сафи аъзоёни ҳизбро зиёд намуда, дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намудаанд. Ҳамчунин, дар маҷлис масъулини ҳизбӣ суханронӣ намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва инчунин иброз намуданд, ки аъзои ҲХДТ будан барои ҳар яки мо ифтихор ва сарфарозист. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ баҳри ободӣ ва тараққиёти кишвари азизамон сидқан талош намоем.