ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА 29-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
А.Ҷомӣ: Бо мақсади иҷрои банди Нақшаи кори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар Вилояти Хатлон ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон мусобиқаи варзиши аз руйи намуди Волейбол байни бонувону ҷавондухтарон баргузор гардид. Ин мусобиқа санаи 1-уми ноябри соли равон дар байни се даста баргузор гардид. Ба ғолибони ин мусобиқаи мазкур ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Кумитои Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои иштироки фаъолона тақдим карда шуд.
Суратгузориш аз рафти чорабинӣ.