ҒАМХОРӢ БО МАЪЮБОН ЯКЕ АЗ ТАШАБУСҲОИ БЕҲТАРИНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 Санаи 26-уми актябри соли равон зимни ташрифи раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамроҳ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба аёдати се оилае, ки фарзандонашон маъюб мебошанд, ташриф оварда аз номи роҳбарияти Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон, Раиси Муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин оилаҳо кумаки яквақтинаи маводи хурока ва миқдори муайяни маблағи пуллӣ расониданд .
Мунтазам кумак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеа дар партави сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рукнҳои муҳими аъзоёни Хизби Халқи Демократии Тоҷикистон буда ин амали нек ба ҳукми анъана даромадааст. Оилаи Ғуломувҳо, Султоновҳо ва Ортиқовҳо бо изҳори сипосгузори аз иқдоми навбати минатдории худро ба роҳбарияти болои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон баён намуданд.