САФАРБАРИИ СОКИНОН БАРОИ КОР ДАР НБО-И “РОҒУН”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пайваста бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва саҳм гузоштан дар сохтмони азими аср- неругоҳи барқи обии Роғун корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияҳои ҳизбиро ба роҳ монда, то ин давра 500-адад маводҳои таблиғотӣ дар байни аҳолии ноҳия тақсим гардидааст. Аз ҷумла дар моҳи октябр 8-нафар ҷавонон бо роҳнамоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Дар оянда низ корҳои таблиғотӣ дар ин самт баргузор гардида, ба ин васила КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ саҳми худро дар сохтмони бузурги аср мегузорад.