ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯзҳо сафи ҷавонмардоне, ки ихтиёран барои хидмат намудан ба Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар мегарданд, ба маротиб афзодааст.
Ибрагимов Ҳусниддин, ки аз тарафи ташкилоти ибтидоии "Шаҳрак" сафарбар гардид, яке аз он ҷавонмардонест, ки ҳимояи марзу буми Ватанро қарзи инсонӣ ва фарзандии худ медонад. Дар асоси аксияи "Сарбози ихтиёрӣ" ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии "Шаҳрак" Ҳалимзода Муҳммаддовуд ва ташкилоти ибтидоии  "Фарҳангчиён"  Давлатов Фахридин,  Ибрагимов Ҳусниддин ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар гардида, мақсад дорад, ки хизматро бо сари баланд адо намуда, ба ноҳия баргашта, саҳми назарраси худро дар ободонӣ ва пешрафти ноҳия гузорад.