ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИИ ЗАМИН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таи солҳои охир ташкил намудани гармхонаҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вусъат ёфтааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои бекорхобида, инчунин беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳудуди маҳалаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар заминҳо бо ташкили гармхонаҳо зироатҳои кишоварзӣ кишт кардаанд, дидан намуданд. Зимни суҳбат кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иброз доштанд, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст.

Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва захира намудани маводи ғизоӣ зиндагии хешро боз ҳам рангину гуворо намоем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ