МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ПОС ДОШТАНИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20 сентябри соли 2023 тибқи нақша- чорабинии моҳи сентябр Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар бинои кумита мизи мудавар дар мавзӯи "Пос доштани  арзишҳои миллӣ" бо ҷавонони ноҳия баргузор намуд. Дӯст  доштан  ва  эҳтиром  намудани муқаддасот  ва  ҳама  арзишҳои миллӣ нишони садоқат ва дӯст доштани Ватан мебошад. Вазифаи  мо  калонсолон  аз  он  иборат  аст, ки  ҳисси  ватандустӣ,  меҳангароӣ  ва ватанпарастии ҷавононро ба воситаи чорабиниҳо,  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва  соатҳои  сиёсӣ  бедор  намоем.  Зеро, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи давлату миллат арзёбӣ намудаанд.