БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар назди МТМУ №26- и деҳаи Мушкрут Ҷамоати деҳоти Якккатут бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”4-синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст, ки пас аз ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ толибилмони муассисаи мазкур метавонанд аз он васеъ истифода баранд. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” барои ҳарчи зудтар ба истифода додани синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил намуда, дар сохтмону рангубори бинои таълимӣ саҳми худро гузошта истодаанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи А.Ҷомӣ.