НБО РОҒУН - ИНШООТИ МУҲИМУ ТАҚДИРСОЗ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аъзои намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ барои мардумро даъват намудан ба кор ба НБО- Роғун Аксияи ҳизбӣ таҳти унувони “НБО-Роғун иншооти муҳиму тақдирсоз” доир намуда, дар бозори марказии ноҳия ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ дастрас намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани чунин аксияҳо ба сокинон фаҳмонидани хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ намудан аз сулҳу субот ва оромии кишвар ҳамчунин расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, таҷдиду бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ, аз ҷумла сохтмони азими аср – НБО-и Роғун ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу шароити зиндагии мардум корҳои таблиғоти гузаронида шуд.
Суратгузориш аз рафти корҳои таблиғотӣ.