РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии “Фурқат” бо саҳми аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ идома дошта аз ҳисоби худи сокинони маҳал 36-дона симчубҳо бо маблағи зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ иваз карда шуданд. Ин иқдом бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашнвораҳои муқаддаси сол, аз ҷумла 35- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти корҳои ободонӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ.Н.Ш иштирок намуда, аз номи роҳбарияти ҲХДТ ва раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба сокинони ин маҳал ва аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ изҳори сипосгузорӣ намуд.