ОМОДАГӢ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ НАВ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Баротова Зинат ҷиҳати аз таъмири ҷорӣ баровардани муасисаҳои таълимии ноҳия ошноӣ пайдо намуд.
Дар МТМУ №8-и Ҷамоати деҳоти Қ. Ғиёсов бо кӯмаку дастгирии Кумитаи падару модарон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ таъмири муассисаи таълимии мазкур ва дохили синфхонаҳо бо сифати баланд аз таъмир бароварда шуданд. Ҳадаф аз таъмири ҷорӣ муҳайё намудани шароити мусоид дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ва зебо барои таълиму тарбияи шогирдон мебошад. Бо зебогардонии синфхона ва муассиса ҳисси зебоипарастии насли наврас низ зиёд мегардад, ки ин ҳам як навъ таъсиррасонӣ дар тарбияи шогирдон мебошад. Тибқи Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқшавии хонандагони синфҳои якум ба муҳити муассисаи таълимӣ оғоз гардид. Дар ин асос ҳамаи хонандагони синфҳои якум дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ва зебо барои таълиму тарбия машғул мебошанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ