КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Истифодаи самараноки заминҳои ёрирасон яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ ва кишти такрорӣ барои фасли зимистон мебошад. Имрӯзҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ барои дуруст истифодабарии заминҳои кишти корам бо усули “Хона ба хона” бо сокинони деҳаи Пушкин, ташкилоти ибтидоии “Яккатут” маслиҳатҳои муфид расонида, ба сокинони маҳал фаҳмониданд, ки барои гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи ду солаи маводҳои ғизоӣ талош намоянд. Ҳамзамон ба сокинони ин маҳала хотиррасон карда шуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирду атрофи хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода нигоҳ доранд.