НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАСТРАС ГАРДИД.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
А.Ҷомӣ: Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии ҳизб ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А,Ҷомӣ ҳар моҳ ба се нафар маъюбон нафақаи ҳизбӣ дастрас карда мешавад. Маблағи нафақа ба ҳар кадоми онҳо 500 (панҷсад) сомониро ташкил медиҳад. Дар макони зисти маъюбон нафақаи ҳизбии онҳо дастрас карда шуд. Зимни расонидани нафақаи ҳизбӣ корманди масъули Кумтаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ қайд намуд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва ба онҳо мунтазам кумакҳои молиявӣ расонида мешавад.