КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИ “ҶОВИДОН”.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
А.ҶОМӢ: Истифодаи самараноки заминҳои ёрирасон яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ ва кишти такрори барои фасли зимистон мебошад. Имрӯзҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ барои дурусти истифодабари заминҳои кишти корам дар ҷамоати деҳоти Яккатут деҳаи Ҷовидон маслиҳатҳои муфид расонида ба сокинон фаҳмониданд, ки барои гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи ду солаи маводҳои ғизоӣ талош намоянд. Ҳамзамон ба сокинони ин маҳала хотиррасон карда шуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ гирду атрофи хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода нигоҳ доранд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.