А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
 
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бо маром рафта истодааст. Бо саҳми аҳолии ташкилотҳои ибтидоии «Арал» ва «Чашмасор» бо мақсиди дастгирӣ намудани сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои пратаколии раиси ноҳия Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон пули мошингузарӣ деҳаҳои мазкур бо саҳми мардуми маҳал таъмиру тармим гардида истодааст. Саҳми раисони ташкилотҳои ибтидоии «Арал» ва «Чашмасор» дар рафти корҳои ободонии маҳал назаррас буда, бо дастгирӣ аз ҳамма ташабусҳои ҳизбӣ мунтазам корҳои ободонӣ ва бунёдкориро дар маҳал роҳандозӣ менамоянд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар рафти ҳашари мазкур ширкат намуда, изҳори сипосгузории роҳбарияти ҲХДТ-ро ба дастандаркорони ин иқдом расониданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.