САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
А.Ҷомӣ: Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини Ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад. Имрӯзҳо сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин таъкид мекунанд: “Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани ду ва се ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем”, шиори худ намуда самаранок меҳнат мекунанд. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ аз заминҳо дидан намуданд, маълум шуд, ки сокинон барои гирифтани ду ва се ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи худ ҷаҳду талош доранд. Ҳамзамон сокинони маҳаллаи номбурда хотиррасон карда шуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирду атрофи хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода нигоҳ доранд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.