АЁДАТИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 Бо пайравӣ аз ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд ба роҳ монда шуд. Зимни аёдат ба ин оилаҳо маводҳои хӯрокаи яквақтаина расонида шуд. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдиев Шоимардон бо ташкилоти ибтидоии “Ватандустон” аз ҳоли Ғуломова Хатича сокини кучаи Эргашев ҷамоати шаҳрак, ки нуқсони модарзоди дорад дидан намуда, кумаки яквақтаинаро расониданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.