ДАСТИ КӮМАК РАСОНИДАН ВА АЁДАТИ ШАХСОНИ МАЪЮБ ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДАН АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИ “ВАТАНДУСТОН”.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Абдураҳмони Ҷомӣ: Кумак ба маъюбон ва ятимону бесарпаноҳон аз амалҳои олии инсонӣ буда,барои ниёзмандон дар баробари кумак ҳамчун дилбардорӣ ва барои ятимону маъюбон чун ҳамдардӣ ҳисобида мешавад. Дар асоси нақша ва чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгири ташкилоти ибтидоии “ВАТАНДУСТОН” дар Кумитаи иҷроияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба маъюб Ортиқов Рамазон ва Ортиқов Мурод кумаки яквақтаина расониданд. Бояд қайд намуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлатамон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.