АМАЛИГАРДИ АКСИЯИ “МАКТАБИ МАН”.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
А.Ҷомӣ: Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вобаста ба амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи босамари ҳадафҳои созандаи барномавии ҲХДТ, дар самти рушди инфрасохтори деҳот, ташкили корҳои ободонию созандагӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар маҳаллу деҳот ҳамчун ташшаббус ва аксияҳои ҳизбиро зери унвони «Якҷоя месозем!» бо таври муташаккилона роҳандозӣ гардонида истодаанд. Корҳои таъмиру азнавсозии синфхонаҳо оғоз гардиданд. Боварии комил дорем, ки ин иқдоми нек аз ҷониби аъзои фаъоли ҳизб ва шахсони эҳсонкору саховатманд минбаъд низ дар ҳамаи самтҳо идома ёфта дар рушди минбаъдаи ноҳия саҳми босазо мегузорад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ