АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ БАХШИДА БА 26 – УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
  А.Ҷомӣ: Имрӯз аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ аксияи иттилоотӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ рамзи пирӯзию сарҷамъии миллат” зимни баргузории аксияи мазкур аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар марказии ҷамоати шаҳраки ноҳияи А.Ҷомӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотиву таблиғотӣ тақсим намуда, ҳамзамон иброз доштанд, ки воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик кафили ояндаи рушду нумуи миллат арзёбӣ шуда, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон арзиши хело муҳим дорад. Тоҷику тоҷикистонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва ҳамзамон аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро талаб дорад. Бинобар ин сабаб ҳама як тану як ҷон шуда баҳри пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат сидқан талош намоем. Дар Аксияи мазкур зиёда аз 80 – адад варақаи аксияи ҳизбӣ ба коргарони муассисаву ташкилотҳо,  шаҳрвандони алоҳида ва мардуми ноҳия дастрас гардид.