КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛӢ “ХОНА БА ХОНА”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
А.ҶОМӢ: Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли зимистон мебошад.
Имрӯзҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ , Мудири шуъбаи занон ва кор бо ҷавонон ва Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо усули хона ба хона дар кучаи Телмон-и Ҷамоати шаҳрак бо сокинон вохӯрда ба сокинон барои гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи ду солаи маводҳои ғизоӣ талош кардан дастуру маслиҳатҳо дода мешавад.  
Ҳамзамон ба сокинони ин маҳала хотиррасон карда шуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирду атрофи хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода нигоҳ доранд.