КУМАКИ ЯКВАҚТАИНАИ ХАЙРИЯВӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор доданд.
Дар пайравӣ аз ин иқдоми шоиста ашхоси хирадманд, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси халқии ноҳия ҳамасола ба ятимону бепарасторон ва одамони эҳтиёҷманд дар арафаи ҷашну идҳо кумакҳои яквақтаина мерасонанд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгириҳо аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аъзоёнии фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи идҳои миллӣ ва 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба 1-оилаи камбизоати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумаки яквақтаинаи маводҳои ниези аввал расонида шуд.
Самадзода Саёҳат – муовини раис, мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо оилаи камбизоату эҳтиеҷманд суҳбати озоду самими доир намуд, ки ҳар кадом аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва шахсони саховатпеша изҳори минатдорӣ намуданд.
Дар охир барои боз осоиштагии Тоҷикистони Соҳибистиқлол дуои хайр карданд.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ