ЗАХИРАИ МАВОДИ ХӮРОКА БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба масъалаи захираи маводи хӯрока барои зимистонгузаронӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт муносибати ҷиддӣ зоҳир мекунанд.
Ҳар як оила ба консервакунонии меваҳо ва сабзавот барои зимистон машғул ҳастанд. Бо истифода аз меваю сабзавот шарбату хуришҳо омода карда, онро барои зимистонгузаронӣ захира намуда истодаанд.
Тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зимни мулоқот таъкид намуданд, ки аз ҳисоби қитъаи замини наздиҳавлигии худ, аз ҳосили помидор, бодиринг, қаламфур, боимҷон, сирпиёз, карам ва дигар меваю сабзавот консервакунӣ барои дигарон низ тавсия доданд.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ