ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БО ИШТИРОКИ МАСЪУЛИНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули "Хона ба Хона" бо сокинони ноҳия сӯҳбату мулоқотҳо доир намуда истодаанд.
Аз ҷумла масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Иттифоқ аз раванди корҳои ободониву созандагӣ, иншоотҳои ҷашнӣ, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва фарҳангӣ аз ташкилоти ибтидоии “Сохтумончӣ” дидан намуданд.
Ҳамчунин бо сокинон ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои киштшаванда, ду-се ҳосил руёндани маҳсулот ва дуруст коркард намудани кишти картошка корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ карда шуд.
Инчунин масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз корхонаҳои хурди саноатии таъсисдодашуда боздид ба амал оварда, оиди татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии кишвар маслиҳатҳои судманд пешниҳод карда шуд.
Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бахшида ба 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар сатҳи баланд идома дорад.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ